Январ 31, 2020 17:21 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Сиёсати фишори ҳаддиаксарии Амрико ба бунбаст расидааст

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба таҳрими раиси Созмони энержии атомии Ҷумҳурии исломии Эрон тавассути Амрико таъкид кард, ин иқдом танҳо асабоният ва дармондагии Амрико аз ба бунбаст расидани сиёсати фишори ҳаддиаксариро исбот мекунад.

Вазорати хазонадории Амрико дар идомаи сиёсатҳои хасмона ва ғайриқонунии худ алайҳи Эрон, рӯзи панҷшанбе Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Ҷумҳурии Исломии Эронро дар феҳристи таҳрим қарор дод.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Сайидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар фазои маҷозӣ навишт, Алиакбари Солеҳӣ шахсияти барҷастаи сиёсӣ ва донишманди тарози аввали ҳастаии Эрон аст ва дониши ҳастаии ҷумҳурии исломӣ имрӯз таҳти мудирияти ӯ олитарин мадориҷи илмӣ ва амалиро тай мекунад.

Ироқчӣ гуфт, иқдомоти ахири Эрон дар коҳиши тааҳҳудоти ҳастаӣ нишон дод, ҷумҳурии исломӣ дар ҳавзаи фанноварии сулҳомези ҳастаӣ тавонмандии фаровоне дорад.

Давлати Амрико аз нахустин рӯзҳои иҷро шудани БарҶом (16 январи соли 2016) коршиканиҳо дар иҷрои он ва талош барои костан аз суди иқтисодии Эрон аз БарҶомро оғоз кард.

Бо рӯйи кор омадани Доналд Трамп дар Амрико ин коршиканиҳо шиддат гирифт ва ӯ борҳо таҳдид кард, кишварашро аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ хоҳад кард.

Трамп саранҷом 8 майи 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон зайли БарҶом, кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.