Таъкид бар густариши равобити ҳамаҷонибаи Эрон ва Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i50538
Вазири умури хориҷаи Қирғизистон густариши равобити ҳамаҷониба бо Ҷумҳурии исломии Эронро хостор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 03, 2020 11:50 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар густариши равобити ҳамаҷонибаи Эрон ва Қирғизистон

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон густариши равобити ҳамаҷониба бо Ҷумҳурии исломии Эронро хостор шуд.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Чингиз Айдарбеков вазири умури хориҷаи Қирғизистон рӯзи якшанбе дар дидори Саид Харрозӣ сафири нави Эрон дар он кишвар гуфт, ду кишвар аз зарфиятҳои болое барои густариши равобит бархурдор ҳастанд.

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон ҳамчунин бо ишора ба узвияти Эрон дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё сармоягузории бештари Эрон дар кишварашро хостор шуд.

Сафири нави Эрон ҳам бо тақдими рунавишти эътимодномаи худ ба вазири умури хориҷаи Қирғизистон гуфт, барои иртиқои равобити ду кишвар ба вижа дар бахши иқтисодӣ ва тиҷорӣ талош хоҳад кард.

Ҷумҳурии Қирғизистон аз кишварҳои истиқлолёфтаи Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ дар Осиёи Марказӣ аст.