Пайгирии ҳуқуқии тарҳи муомилаи қарн аз сӯйи қувваи қазоияи Эрон
Сухангӯи қувваи қазоияи Эрон аз пайгирии тарҳи амрикоӣ-саҳюнистии муомилаи қарн дар маҷомеи байналмилалӣ хабар дод.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ахиран аз тарҳи созиши худ мавсум ба муомилаи қарн, ки шомили илҳоқи комили Қудс ва шаҳракҳои мавҷуд дар Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ба режими саҳюнистӣ ва нодида гирифтани ҳаққи бозгашти оворагони фаластинӣ аст, рӯнамоӣ кард.
Ғуломмуҳсини Исмоилӣ, сухангӯи қувваи қазоияи Эрон рӯзи сешанбе дар нишаст бо хабарнигорон дар Теҳрон бо баёни ин ки муомилаи қарн ба расмият шинохтани ишғолгарӣ ва таҷовузгарӣ аст, тасреҳ кард, ин тарҳ ҳам ноқизи ҳаққи ҳокимияти сарзамини мусалмонон ва ғайримусалмонони фаластинӣ аст ва ҳам нақзи ҳуқуқи мардум дар иртибот бо ҳокимият бар сарнавишти худашон маҳсуб мешавад. Исмоилӣ тасреҳ кард, муованати умури байналмилали қувваи қазоияи Эрон бар асоси мабонии ҳуқуқӣ ва муғойиратҳое, ки тарҳи муомилаи қарн бо ҳуқуқи байналмилал ва маншури Созмони Милал ва ҳаққи ҳокимияти мардум дорад, дар маҷомеи байналмилалӣ бо меҳвари Вазорати умури хориҷии Эрон мавзӯъро пайгирӣ мекунад.
Сухангӯи қувваи қазоияи Эрон бо ишора ба дастгир шудани теъдоде аз ҷосусони Созмони иттилооти марказии Амрико ва таъйиди ҳукми эъдоми онҳо гуфт, баҳрагирӣ аз ҷосусон барои ҷамъоварии ахбор ва иттилоот ва зарба задан ба ҷумҳурии исломӣ аз фаъолиятҳои хасмонаи давлати Амрико зидди Эрон аст. Исмоилӣ афзуд, ахиран низ ду нафар дигар аз ҷосусон, ки дар қолаби як муассиса ва бунёди хайрия дар Эрон фаъолият мекарданд, шиносоӣ, муҳокима ва ба ҷурми ҷосусӣ ва иқдом зидди амнияти миллии Эрон дар маҷмӯъ ба 15 соли ҳабс маҳкум шуданд.