Феврал 07, 2020 16:44 Asia/Dushanbe
  • Эрон Трампро ба ҷурми террори сардор Сулаймонӣ таъқиб мекунад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон раисҷумҳури Амрикоро дар мароҷеи қазоии байналмилалӣ ба иттиҳоми терроризми давлатӣ ва терроризми иқтисодӣ таҳти пайгард қарор хоҳад дод.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо шабакаи телевизионии “Алмаёдин”, ки рӯзи панҷшанбе мунташир шуд, таъкид кард: “Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо террори сардори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳт нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, поёни ҳузури низомиёни Амрикоро дар минтақа рақам зад”.

Зариф гуфт, бадрақаи миллионии шаҳиди сипаҳбуд Сулаймонӣ силии сахте ба давлати Амрико буд, ки осори он то хуруҷи Амрико аз минтақаи ғарби Осиё идома хоҳад ёфт.

Вазири умури хориҷаи Эрон хитоб ба амрикоиҳо афзуд: “Бояд бо фармондеҳи низомӣ дар майдони ҷанг рӯ ба рӯ мешудед, на ин ки ӯро дар иқдоме буздилона террор кунед. Гарчӣ амрикоиҳо ва режими саҳюнистӣ ҳамвора ин гуна амал мекунанд”.

зариф ҳамчунин гуфт, давлати Амрико бо рӯнамоӣ аз “Муомилаи қарн” собит кард, ки ҷоҳталабиҳои ӯ бештар аз саҳюнистҳо дар тӯли таърих аст ва Трамп нишон дод, ки наметавонад дар ҳеҷ ҳаллу фасли мушкиле миёнҷӣ бошад.

 

Барчасп