Феврал 09, 2020 12:12 Asia/Dushanbe
  • Сафари 8 миллион гардишгари хориҷӣ ба Эрон

Вазири мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон аз вуруди 8 миллион гардишгари хориҷӣ ба кишвар дар 10 моҳи гузашта хабар дод.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алиасғари Мунисон вазири мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон бо баёни ин ки саҳми кунунии Эрон аз саноати гардишгарӣ, 11 иллиарду 700 миллион доллар аст афзуд, ин рақам бо таваҷҷуҳ ба барномарезиҳои анҷомшуда, ба мизони қобили таваҷҷуҳе афзоиш хоҳад дошт.

Мунисон бо ишора ба коҳиши вуруди гардшгарони хориҷӣ ба Эрон ҳамзамон бо шуюи коронавирус дар Чин гуфт, зарфиятҳои дохилии Эрон дар гардишгарӣ ба ҳадде будааст, ки коҳиши гардишгарони хориҷӣ зарбаи хоссе ба ин саноат ворид намекунад.

Эрон ҷузви 10 кишвари аввали дунё аз назари танаввуи ҷозибаҳои гардишгарӣ аст.

 

Барчасп