Феврал 12, 2020 14:27 Asia/Dushanbe
  • Эъломи замони шурӯъ ва поёни таблиғоти номзадҳои интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон

Ситоди интихоботи Вазорати кишвари Эрон замони шурӯъ ва поёни таблиғоти номзадҳои интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломиро эълом кард.

Ситоди интихоботи Вазорати кишвари Эрон имрӯз (чоршанбе) бо судури иттилоияе эълом кард:

Фаъолиятҳои таблиғотии номзадҳои тасдиқи салоҳиятшуда, аз бомдоди фардо оғоз мешавад ва 20 феврал пён меёбад.

21 феврали соли 2020 интихоботи даври ёздаҳуми Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар 208 ҳавзаи интихобияи саросари Эрон, барои интихоби 290 намояндаи Маҷлис ва нахустин миёндавраи даври панҷуми Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ, дар 5 ҳавзаи интихобияи Теҳрон, Форс, Хуросони Шимолӣ, Хуросони Разавӣ ва Қум баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Аббосалӣ Кадхудоӣ, сухангӯи Шӯрои нигаҳбони Қонуни асосии Эрон, беш аз ҳафт ҳазор нафар салоҳияташон барои номзадӣ дар интихоботи даври ёздаҳуми Маҷлиси Шӯрои исломӣ тасдиқ шудааст.