Феврал 13, 2020 13:56 Asia/Dushanbe
  • Фурсати 7 рӯзаи таблиғоти интихоботи Маҷлис аз имрӯз

Таблиғоти ёздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ аз имрӯз ( 24 баҳманмоҳ баробар бо 13 феврал ) оғоз шуд.

Ба нақл аз Исно, муҳлати таблиғоти 7 ҳазору 148 довталаби интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ аз имрӯз 24 баҳманмоҳ  оғоз ва то 30 баҳман моҳ ( баробар бо  19 феврал  ) идома дорад.

Рӯзи аввали исфанд ҳаргуна таблиғот мамнуъ буда ва рӯзи дуввуми исфанд интихобот баргузор хоҳад шуд.