Дипломати итолиёӣ: Ғарб пас аз 40 сол натавониста инқилоби Эронро шикаст диҳад
Ба гуфтаи сафири собиқи Италия дар Ироқ, муқовимати Эрон муқобили коммунизм ва низоми сармоядорӣ ба гунае буда, ки Ғарб муваффақ ба аз байн бурдани инқилоб нашудааст.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Middle East”, Марко Карнелос, сафири собиқи Италия дар Ироқ тайи ёддоште дар ин расонаи бритониёӣ бо ишора ба 41-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ навишт, ки бо гузашти 41 сол аз инқилоб, Ғарб ҳанӯз натавониста ин инқилобро аз Эрон бигирад.
Сафири собиқи Италия дар Ироқ афзуд, мухолифаит систематии Теҳрон бо гегемонияи Ғарб ҳамчунон дар саросари минтақа танинандоз аст.
Карнелос тасреҳ кард, ки инқилоби соли 1357 дар Эрон, Амрикоро аз яке аз дороиҳои роҳбурдии барҷастааш дар минтақаи ғарби Осиё маҳрум кард.
Вай идома дод, Инқилоби Исломии Эрон дар ниҳоят маҷмӯаи рухдодҳоеро дар минтақа рақам зад, ки мушобеҳи ҷанги 30 солаи қарни XVII дар Аврупо буд, ки албатта як тафовути чашмгир миёни ин ду вуҷуд дорад ва он ин аст, ки Инқилоби Исломии Эрон дар ғарби Осиё, ҳамакунун ба чиҳил солагӣ расидааст ва ҳеҷ гуна нишонае аз поён ёфтани он вуҷуд надорад.
Ин дипломати аврупоӣ дар поён ба террори сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон ба дастур Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ишора кард ва навишт: Бо мушоҳидаи анбӯҳе аз ҷамъият дар маросими ташйиъи пайкари шаҳид Сулаймонӣ, ба вузӯҳ мушаххас мешавад, ки бисёре аз эрониҳо, аз ин хаёли воҳӣ, ки Амрико ноҷии онҳо хоҳад буд, мубарро ҳастанд.
Чиҳил рӯз пеш( 3 январ) нирӯҳои мутаҷовизи артиши Амрико тайи ҳамлаи паҳподӣ дар фурудгоҳи Бағдод, сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис, муовин созмони басиҷи мардуми Ироқро ба ҳамроҳи ҳашт тани дигар аз ҳамрзмонашон ба шаҳодат расонданд.