Феврал 16, 2020 13:29 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрон ва Ироқ барои пайгирии террори шаҳид Сулаймонӣ

Мақомоти эронӣ ва ироқӣ дар бораи роҳкорҳои пайгирии паҳлуҳои ҳуқуқӣ ва кайфарии террори сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ баҳсу табодули назар карданд.

Ба гузориши ИРНО, Алии Боқирии Канӣ- муовини умури байналмиллал ва ҳуқуқи башари қувваи қазойияи Эрон дар дидор бо ҳайати ироқӣ, террори сардор Сулаймониро поймолсозии ошкори ҳуқуқи башар донист ва афзуд, ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳамаи зарфиятҳои ҳуқуқӣ ва қазоии байналмиллалии худ барои таъқиб ва ҷазои омилони ин ҷиноят истифода хоҳад кард.

Боқирии Канӣ бо баёни инки ҷинояти Амрико дар террори шаҳид Сулаймонӣ собит кард уфули қудрати Амрико, як иддао нест, балки воқеияте ғайриқобили инкор аст афзуд, Ҷумҳурии исломии Эрон дар ду арсаи ҳуқуқӣ ва кайфарии ин ҷиноятро пайгирӣ хоҳад кард.

Муҳаммад Туркии Аббос мудири кулли ҳуқуқи башар ва ҳамкориҳои байналмиллалии Вазорати додгустарии Ироқ низ дар ин дидор иқдоми Доналд Трамп раисиҷумҳури Амрико дар террори сардор Сулаймониро баёнгари терроризми давлатии ин кишвар донист ва афзуд, ҳамкориҳои густарда байни Вазорати умури хориҷаи Эрон ва Ироқ ва масъулони қазоии ду кишвар барои рушан шудани паҳлуҳои ин ҷиноят зарурӣ аст.

Сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи шаҳиди нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки моҳи январ ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис муовини раиси Ҳашад Аш-Шаъбӣ ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии террористҳои амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдод ба шаҳодат расид.

Барчасп