Зарурати иштирокгузории манобеи дидорӣ ва шунидории Эрон ва Тоҷикистон
(last modified Sun, 16 Feb 2020 08:45:00 GMT )
Феврал 16, 2020 13:45 Asia/Dushanbe
  • Зарурати иштирокгузории манобеи дидорӣ ва шунидории Эрон ва Тоҷикистон

Раиси Созмони санадҳо ва Китобхонаи миллии Эрон гуфт, иштирокгузории манобеи дидорӣ ва шунидорӣ байни Эрон ва Тоҷикистон метавонад сабаби муносиботи бештари фарҳангии ин ду кишвар шавад.

Ба нақл аз Созмони Китобхонаи миллии Эрон, Ашрафи Буруҷирдӣ дар дидор бо Низомиддин Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, намояндагони Эрон ва Тоҷикистон бояд барои балад бардоштани муносиботи фарҳангӣ ба хусус дар ҳавзаи китоб ва китобдорӣ беш аз гузашта талош кунанд.

Раиси Созмони санадҳо ва Китобхонаи миллии Эрон ба роҳандозии сайти ЭКО бо ҳузури 10 кишвари узви ин созмони минтақаӣ дар Тоҷикистон ишора кард ва афзуд, ин амр бо осори мусбате ҳамроҳ буд ба тавре, ки ангезаи кишварҳоро барои пешбурди умури муштарак дар ҳавзаи фарҳангӣ иртиқо дод.

Буруҷирдӣ зимни ишора ба манобеи шунидорӣ ва дидории мавҷуд дар Созмони санадҳо ва Китобхонаи миллии Эрон гуфт, иштирокгузории ин манобе бо ҳамзабонони худ дар кишвари Тоҷикистон метавонад бисёр самарбахш бошад.

Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Эрон ҳам гуфт, Тоҷикистон бо Эрон дорои иштирокоти  фарҳангӣ, таърихӣ ва мазҳабии фаровоне аст ба ҳамин далел бо сафар ба ин кишвар эҳсоси ғарибӣ намекунам

Вай афзуд, пас аз сафари раиси ҷумҳурии Эрон ба Тоҷикистон равобити ду кишвар мустаҳқамтар аз гузашта шуд.

Сафири кишвари Тоҷикистон дар Эрон афзуд, дар соли гузашта дигар мақомоти ин ду кишвар бо якдигар мулоқот карданд, ки аз ҷумла метавон ба сафари Алиасғари Мунисон- вазири мироси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон ба Тоҷикистон ишора кард.

Зоҳидӣ ба ҳимояти кишвари Тоҷикистон аз Эрон дар арсаи байналмиллал ҳам ишора кард ва гуфт, Тоҷикистон дар соли гузашта дар қатъномаҳо, ҷониби Эронро гирифт ва ба нафъи Эрон овоз дод.

Ӯ гуфт, ҳамаи ин иқдомот нишонаҳои беҳтар шудани равобити ин ду кишвар аст.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон афзуд, бузургтарин китобхонаи Осиёи Марказӣ бо масоҳати 42 ҳазор метри мураббаъ дар Тоҷикистон сохта шуда, ки дорои 14 миллион ҷилд китоб аст.

Вай дар идома зимни пешниҳоди ихтисоси қисмате дар Китобхонаи миллии Эрон ба кишвари Тоҷикистон гуфт, ҳамакнун рӯйхатти қобили таваҷҷуҳе аз китобҳои чопшуда дар мавзӯи Тоҷикистон ва мақолаҳо, маҷаллаҳо ва тарҷумаҳои бисёре аз китобҳои ин кишвар дар Эрон вуҷуд дорад.