Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон посдори арзишҳои исломӣ
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо қадрдонӣ аз рашодати Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар даврони Дифои муқаддас таъкид кард, нерӯҳои мусаллаҳ ҳамчунон дар чорчӯби посдорӣ аз арзишҳои исломӣ ва амнияти ҷомеа ҳаракат мекунанд.
Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон, зимни гиромидошти ҳафтаи Дифои муқаддас дар Эрон гуфт: "Амнияти мисолзадание, ки имрӯз дар Эрон ҳоким аст, марҳуни талошҳои Нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурии исломӣ аст, ки дар посдорӣ аз тамомияти арзии Эрон ва арзишҳои исломӣ то кунун амалкарди хубе доштаанд".
Оятуллоҳ Кошонӣ бо баёни ин ки имрӯз ҷаҳони Ислом гирифтори тавтеаҳои бархе кишварҳои ғарбиву арабии ҳомии гурӯҳҳои террористиву такфирӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ шудааст, таъкид кард: "Миллатҳои мусулмон набояд таслими ин тавтеаҳо шаванд ва бояд бар асоси мабонии фиқҳӣ дар ин замина чораандешӣ кунанд".
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон хитоб ба ҳамаи кишварҳои исломӣ ва арабӣ ҳушдор дод: "Арабистони Саудӣ бо ҳимоят аз гурӯҳҳои террористиву такфирӣ талош дорад бар аҳдофу хостаҳои номашрӯи режими саҳюнистӣ ва Амрико дар минтақа ҷомаи амал бипӯшонад".
Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ вилояти фақеҳро мояи умеди ҷомеаи исломӣ донист ва гуфт: "Вилояти фақеҳ, илова бар далоили илмӣ, аз назари иҷтимоӣ ҳам умедбахш аст".
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ибрози умедворӣ кард: "Ҷумҳурии исломии Эрон ва сойири кишварҳои исломӣ дар амнияту оромиши комил ба сар бибаранд ва бо иқтидору шавкати ҳар чӣ бештар дар чорчӯби тавсеаву пешрафт дар ҳамаи заминаҳо гом бардоранд".