Феврал 20, 2020 11:48 Asia/Dushanbe
  • Поёни муҳлати таблиғоти интихоботи Маҷлиси Эрон

Муҳлати таблиғоти номзадҳои намояндагии ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон аз соати ҳашти субҳи имрӯз панҷшанбе поён ёфт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , бар асоси қавонини Эрон, номзадҳои интихобот ; 24 соат пеш аз баргузории интихобот ҳақи таблиғот надоранд.

Ҳамчунин бар асоси эъломи ситоди интихоботи кишвари Эрон , бо поёни таблиғоти номзадҳои намояндагии Маҷлиси Эрон, ҳаргуна таблиғ дар фазои маҷозӣ ва айнӣ мамнуъ аст.

Ёздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва нахустин миёндавраи панҷумин давраи Маҷлиси хубрагон фардо дуввуми исфанди 98 мусодиф бо 21 феврали 2020 баргузор мешавад.

Ҷамол Араф , раиси ситоди интихоботи кишвар гуфт ; дар ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон 57 миллиону 918 ҳазору 159 нафар воҷиди шароит рай додан ҳастанд.

Ин интихобот дар ҳудуди 55 ҳазор шуъбаи райдиҳӣ ва дар 208 ҳавзаи интихоботӣ баргузор мешавад.