Феврал 20, 2020 12:11 Asia/Dushanbe
  • Интихобот; намоиши мушорикати сиёсӣ ва қудрати мардумии Эрон

Ёздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шурои исломӣ дар 41 солагии инқилоби исломӣ, нишон аз аҳамияти мавзӯи интихобот дар низоми мардумсолории динии Эрон дорад.

Мушорикати сиёсӣ ва нақши мустақим ва озодонаи мардум дар таъини ҳаққи сарнавишти худ, аҳамияти таваҷҷуҳ ба муллифаи асосии ҳукуматҳои демократик яъне интихоботро дар 41 сол аз ҳаёти инқилоби исломӣ нишон медиҳад.

Ҳузури озодонаи мардуми Эрон дар пойи сандуқи раъй ва интихоби ашхоси мавриди назари онон барои нишастан бар курсии сабзранги Маҷлиси Шурои исломӣ, илова бар инки нишон аз чархиши қудрат дар муҳимтарин рукни низоми мардумсолории динӣ дар Эрон яъне қонунгузорӣ дорад, муҳимтарин  нуктаи он нақши комилан мустақими мардум дар таъини сарнавишти худ ва низоми Ҷумҳурии иломии Эрон аст.

Маҷлиси Шурои исломии Эрон ба сабаби ду нақш ва кори вижаи калидии намояндагон яъне қонунгузорӣ ва назорат ва посухгӯ кардани ниҳодҳо аз ҷумла давлат, дар тақвияти дигар муаллифаҳои қудрати Эрон нақши мустақим дорад. Пешдаромад ва пуштвонаи муаллифаҳои муҳими қудрати сиёсӣ ва низомӣ дар Эрон ҳузур ва мушорикати сиёсӣ дар интихобот аст.

Дар ҳамин замина, Ҳасани Руҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат, ҳузури пуршури мардум дар интихоботи 21 феврали 2020-ро боиси асабонияти Амрико донист ва таъкид кард, мардуми Эрон бо ваҳдат ва иттиҳоди худ як бори дигар ба амрикоиҳо нишон хоҳанд дод, ки тавонманд ва қудратманд ҳастанд.

Ҳамроҳӣ ва ҳузури сиёсии мардуми Эрон дар арсаҳои мухталифи қудратсоз аз ҷумла майдони интихобот дар 41 соли гузашта, агарчи мизон (рақам ё дарсад) мушорикати сиёсии онон мутаносиб бо амалкарди давлатҳои вақт тафовут доштааст, аммо мардуми Эрон дар баробари фазосозии таблиғотии душманон мағлуб нашуданд ва нақши худро ба хубӣ ифо карданд ва нишон доданд ҳамчунон ҳузури сиёсии онон дар саҳнаҳои ҳассос муҳимтарин муаллифаи қудрати Эрон аст.

Аҳамият ва сифати мушорикати сиёсии мардум дар интихоботи Маҷиси Шурои исломӣ ҷудой аз сатҳи мизони он, ки дар дарсадҳои мухталиф аз 51 дарсад то 71 дарсад дар 41 соли гузашта дар таърихи сиёсии Эрон сабт шудааст, ҳатто дар камтарин дарсад қобили қиёс бо кишварҳои муддаии демокрасӣ дар Ғарб нест.

Агарчи мардуми Эрон дар давраҳое аз амалкарди давлатҳои вақт норозӣ буданд, аммо асли муҳими ҳамроҳии онон бо низоми ҷумҳурии исломӣ фориғ аз дарсади ширкат дар интихоботи Маҷлиси Шурои исломӣ аст. Ҳамин масъала нишон аз сифати қудрати мардумии Эрон ҳатто бо ҳузури 51 дарсади овозҳо дар интихоботи давраҳои қабл дорад, ки саромади ҳамаи муаллифаҳои қудратсоз ба ҳисоб меояд. Ҳамонтавр, ки борҳо муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кардааст, қудрат ва амнияти Ҷумҳурии исломии Эрон решаи мардуме дорад, ки интихобот майдони сиёсии ин намоиши қудрати мардумӣ аст.

 

Барчасп