Таҳвили 8 фарванд ҳавопаймои низомии бозсозишуда ба нерӯи ҳавоии артиши Эрон
Бо ҳузури вазири дифоъ ва фармондеҳи нерӯи ҳавоии артиши Эрон, ҳашт фарванд анвоъи ҳавопаймои низомии бозсозишуда ба артиши ҷумҳурии исломии Эрон таҳвил шуд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Амир сартип Амир Ҳотамӣ вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусалаҳи Эрон, дар ин маросим бо баёни ин,ки бозсозии ҳавопаймои низомӣ фароянди печидае аст,ки фақат дар инҳисори чанд кишвари қудратманд қарор дорад, гуфт ;ин ҳавопаймои бозомадсозишуда аз хонаводаи ҳавопаймоҳои низомии 14 F ,4F , СУХУ , Мирож ва ҳамчунин ҳавопаймоҳои таробарии С 130 ва 707 , 27 аст,ки дар разми ҳавоӣ ва маъмуриятҳои мутанавеъи размӣ, тактикӣ ва таробарӣ истифода мешавад.
Амир Сартип Ҳотамӣ бо ишора ба ин ,ки тамоми сомонаҳои ин ҳавопаймо , мубтани бо дониши рӯз тароҳӣ шуда ва дар ин мудел ҳавопаймоҳо ба кор рафтаанд, афзуд ; ҳавопаймоҳои низомӣ боиси афзоиши қудрати размӣ , таҳоҷумӣ ва пуштибонии нерӯҳои мусалаҳ ва ҳамчунин муҷиби пешгирӣ аз хуруҷи миллионҳо доллар арз аз Эрон ва коҳиши ҳазинаҳо ба мизони беш аз 50 дар сад шудааст.