Раҳбари инқилоб: Рӯзи интихобот рӯзи ҷашни миллӣ аст+видео
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ҳангоми андохтани раъйи худ ба сандуқи интихоботи ёздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва аввалин миёндавраии панҷумин давраи интихоботи Маҷлиси хубрагон гуфтанд: Рӯзи интихобот рӯзи ҷашни миллӣ аст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ субҳи имрӯз (ҷумъа) бо ҳузур дар ҳусайния имом Хумайнӣ(раҳ.), бо баёни инки интихобот мутазаммини манофеи миллии кишвар аст, тасреҳ карданд, рӯзи интихобот рӯзи ҷашни миллӣ аст.
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо таъкид бар инки интихобот як таклифи шаръӣ аст, афзуданд, рӯзи интихобот, рӯзи эҳқоқи ҳаққи мадании миллат аст, ки мехоҳанд биёянд, раъй бидиҳанд ва ширкати худашон дар идораи умури кишварро, ки ҳаққи онҳост, онро ба даст биоваранд.
Интихоботи ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва нахустин миёндавраии панҷумин давраи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ аз соати 8 субҳи имрӯз оғоз шуд.
Интихоботи даври ёздаҳуми Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар 208 ҳавзаи интихобияи саросари Эрон барои интихоби 290 намояндаи маҷлис баргузор мешавад.