Шумори қурбониёни “корона” дар Эрон ба 15 нафар расид
(last modified Tue, 25 Feb 2020 14:08:37 GMT )
Феврал 25, 2020 19:08 Asia/Dushanbe
  • Шумори қурбониёни “корона” дар Эрон ба 15 нафар расид

Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорат беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, теъдоди ҷонбохтагони мубтало ба вируси “корона” дар Эрон ба 15 тан расид.

Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, то кунун 95 нафар дар Эрон ба таври қатъӣ ба вируси “корона” мубтало шудаанд.

Густариши “корона” дар моҳи декабри соли 2019 аз шаҳри Вуҳани устони Ҳубей, шарқи Чин оғоз шуд ва зоҳиран маншаи он ҳайвоноти ваҳшӣ будааст. Ин вирус акнун илова бар 30 устони Чин ба беш аз 30 кишвари дигар, аз ҷумла Эрон, Амрико, Англия, Австралия, Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Канада, Фаронса, Арабистон ва Аморот сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 80 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 27 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва беш аз 2700 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.