Қавитарин марди маъюби ҷаҳон даргузашт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i51392-Қавитарин_марди_маъюби_ҷаҳон_даргузашт
Сиёманди Раҳмон, варзишкори ҷавони эронӣ ва қаҳрамони вазни фавқи сангин дар мусобиқоти вазнабардории параолемпик даргузашт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 02, 2020 06:41 Asia/Dushanbe
  • Қавитарин марди маъюби ҷаҳон даргузашт

Сиёманди Раҳмон, варзишкори ҷавони эронӣ ва қаҳрамони вазни фавқи сангин дар мусобиқоти вазнабардории параолемпик даргузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сиёманди Раҳмон, қавитарин марди маъюби  фавқи сангини ҷаҳон шаби гузашта дар синни 31 солагӣ бар асари исти қалбӣ дар хонааш ҷон ба ҷон офарин таслим кард.

Сиёманди Раҳмон дар параолемпики 2016-и Рио бо маҳори вазнаи 310 килограмӣ таърихсоз шуд ва номи худро дар ҷаҳон барои ҳамеша сабт кард.

Image Caption


Ду медали тиллои параолемпики 2012-и Лондон ва 2016-и  Рио, панҷ медали тилло ва як нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, се медали тиллои бозиҳои параосиёии 2010-и Гуанчжоу  , 2014-и Инчон ва 2018-и Ҷакарта аз ифтихороти Сиёманди Раҳмон аст.