Қавитарин марди маъюби ҷаҳон даргузашт
Сиёманди Раҳмон, варзишкори ҷавони эронӣ ва қаҳрамони вазни фавқи сангин дар мусобиқоти вазнабардории параолемпик даргузашт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сиёманди Раҳмон, қавитарин марди маъюби фавқи сангини ҷаҳон шаби гузашта дар синни 31 солагӣ бар асари исти қалбӣ дар хонааш ҷон ба ҷон офарин таслим кард.
Сиёманди Раҳмон дар параолемпики 2016-и Рио бо маҳори вазнаи 310 килограмӣ таърихсоз шуд ва номи худро дар ҷаҳон барои ҳамеша сабт кард.
Ду медали тиллои параолемпики 2012-и Лондон ва 2016-и Рио, панҷ медали тилло ва як нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, се медали тиллои бозиҳои параосиёии 2010-и Гуанчжоу , 2014-и Инчон ва 2018-и Ҷакарта аз ифтихороти Сиёманди Раҳмон аст.