Март 03, 2020 15:23 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар хусуси бемории шуюъпайдокарда дар Эрон

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пас аз коштани ду ниҳоли мева ба муносибати Рӯзи дарахткорӣ, тавсияҳоеро дар хусуси бемории шуюъпайдокарда дар Эрон баён карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи сешанбе ба муносибати Рӯзи дарахткорӣ ва Ҳафтаи  манобеи табиӣ дар Эрон зимни коштани ду ниҳоли мева, кошти дарахтро ҳаракате бобаракат хонданд.

Раҳбари муаззами инқилоби ду ниҳол коштанид

ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар хусуси бемории шуюъпайдокарда дар Эрон гуфтанд, ҳамчунон, ки пештар аз пизишкон, парасторон ва маҷмӯаҳои дармонӣ самимона ташаккур кардам, лозим медонам бори дигар аз ин азизон, ки бо кори бисёр боарзиши худ дар ҳоли ҷиҳод дар роҳи Худо ҳастанд, қадрдонӣ кунам.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо дуо барои саломатии беморон ва ҳамчунин талаби раҳмату мағфирати илоҳӣ барои даргузаштагон аз ин беморӣ ва сабру оромиш барои бозмондагони онҳо, афзуданд, аз тавсияҳо ва дастурамалҳои масъулон дар хусуси пешгирӣ аз олудагӣ набояд сарпечӣ шавад, чаро ки Худованд моро вазифадор кардааст дар баробари саломати худ ва дигарон эҳсоси масъулият кунем.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар тавсияе дигар ҳамагонро ба таваккал ва таваҷҷуҳ ба парвардигор фаро хонданд ва гуфтанд, албатта ин бало ончунон бузург нест ва бузургтар аз он низ вуҷуд доштааст, аммо банда ба дуои бархоста аз дили пок ва софи ҷавонон ва ашхоси парҳезгор барои дафъи балоҳои бузург бисёр умедворам, чаро ки тавассул ба даргоҳи Худованд ва талаби шафоат аз набии мукаррами ислом ва имомони бузургвор метавонад бисёре аз мушкилотро бартараф кунад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба даргир шудани кишварҳои зиёде дар дунё бо ин беморӣ афзуданд, масъулони мо аз рӯзи аввал бо сафо, садоқат ва шаффофият хабаррасонӣ карданд ва мардумро дар ҷараён қарор доданд, аммо бархе кишварҳои дигар, ки ин беморӣ дар онҳо шадидтар ва ҳамагиртар аст, пинҳонкорӣ мекунанд албатта мо барои он беморон низ аз Худованд талаби саломатӣ мекунем.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ  бо ишора ба иқдомоти писандида ва навъдӯстонаи бархе мардуми Эрон монанди кӯмакҳои молӣ ва тавзеи колоҳои беҳдоштӣ афзуданд, ин корҳо бисёр хуб аст ва бо ҳифзи ин дастовардҳо, бало ба неъмат ва таҳдид ба фурсат табдил мешавад ва умедворем рӯзгори саломатии комил барои миллати азизи Эрон наздик аст.