Март 04, 2020 15:07 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус: Меҳвари гуфтугӯи вазирони умури хориҷаи Эрон ва Норвегия

Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Норвегия дар бораи роҳкорҳои пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус табодули назар карданд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва Ине Ериксен Сорейди, вазири умури хориҷаи Норвегия дар гуфтугӯи телефонӣ, дар бораи ҳамкории ду кишвар барои мубориза бо коронавирус гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Бино бар эъломи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, то кунун 2336 нафар дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод 77 нафар ҷон бохтанд.

 

Барчасп