Вокуниши Эрон ба тарҳи дархости дастрасии такмилӣ аз сӯйи Ожонси энержии атомӣ
(last modified Wed, 04 Mar 2020 17:17:19 GMT )
Март 04, 2020 22:17 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба тарҳи дархости дастрасии такмилӣ аз сӯйи Ожонси энержии атомӣ

Намояндаи доими Эрон дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ гуфт, тарҳи ҳар гуна дархости равшангарӣ аз сӯйи ожонс, мубтанӣ бар матолиби ҷаълӣ, ҳеҷ тааҳҳудеро барои Эрон ҷиҳати иҷобати ин дархостҳо эҷод намекунад.

Ба гузориши “Форс”, Козими Ғарибободӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена ва намояндаи доими Эрон дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар вокуниш ба гузориши ожонс дар заминаи масоили ҳифозатӣ дар Эрон изҳор дошт, мутаассифона як бори дигар Амрико ва режими Исроил дар талош ҳастанд то равобит ва ҳамкориҳои фаъол ва созанда байни ожонс ва Эронро бо эъмоли фишор ба ожонс барои хуруҷ аз вазоифи асосномаии худ, бо ихлол мувоҷеҳ кунанд.

Намояндаи доими Эрон бо ишора ба ин ки Эрон дар ҳоли ҷилавгирӣ аз эҷоди як бидъати ғайриусулӣ ва хатарнок дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аст, ки мехоҳад ба матолиби ҷаълии хадамотҳои ҷосусӣ эътиборбахшӣ кунад, афзуд: Тарҳи ҳар гуна дархости равшангарӣ ё дастрасии такмилӣ аз сӯи ожонс, мубтанӣ бар матолиби ҷаълии сервисҳои ҷосусӣ, аз ҷумла режими саҳюнистӣ на танҳо дар муғойират бо асноди таъсисии ожонс ва низоми ростиозмоӣ қарор дорад, балки ҳеҷ тааҳҳудеро низ барои Эрон дар ҷиҳати иҷобати ин дархостҳо эҷод намекунад.

Ғарибободӣ таъкид кард, чунончӣ кишварҳо дар муқобили ин гуна тавтеаҳо иқдомоти бунёдин сурат надиҳанд, ҳокимияти миллии онҳо махдуш хоҳад шуд.

Рафаэл гаруси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бомдоди имрӯз, чаҳоршанбе (ба вақти Теҳрон) дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Рейтерз” гуфт, чунончӣ Эрон аз посухгӯӣ ба ожонс дар бораи фаъолиятҳои гузаштаи атомӣ дар се сайти худ тавзеҳ надиҳад, вориди буҳрони ҷадиде хоҳад шуд.

Мудири кулли ожонси атомӣ гуфт: “Мо аз Эрон қадре иттилоот ва дастрасӣ хостаем, аммо ба иттилооте, ки дархост кардаем, даст пайдо накардаем”.