Март 08, 2020 18:20 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Эрон аз фиребкории Амрико дар мубориза бо коронавирус

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба интиқоди сиёсатмадорони амрикоӣ аз амалкарди давлати ин кишвар дар мубориза коронавирус, аз фиребкории Кохи Сафед дар мубориза бо хурӯҷи коронавирус интиқод кард.

Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон асри шанбе бо интишори филме аз интиқоди сиёсатмадорони амрикоӣ аз амалкарди давлати ин кишвар дар мубориза бо коронавирус дар ҳузури Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико, дар ҳисоби шахсии худ дар Твиттер хитоб ба мақомоти Вашингтон навишт: Вақте ангуштатонро ба нишонаи иттиҳом ба сӯи касе ишора мекунед, бидонед се ангушти дигаратонро ба самти худатон гирифтаед.

Мӯсавӣ таъкид кард: Танҳо як давлат олуда ба мудирияти нодуруст, фиреб ва дурӯғ метавонад он қадар вақеҳ бошад, ки иттиҳомоти бемаъниро мутаваҷҷеҳи эрониёне кунад, ки бо фидокорӣ ва ийсор барои муҳофизат аз башарият, дар баробари ҷаҳонгир шудани коронавирус талош мекунанд.

Помпео ахиран дар изҳороте беасос муддаӣ шуд, Вашингтон бисёр нигарон аст, ки Эрон ҷузъиёти  хурӯҷи коронавирусро пинҳон карда бошад.

 

 

 

Барчасп