Март 09, 2020 11:25 Asia/Dushanbe
  • Посухи сахти Эрон ба террористҳо дар марзҳои шарқӣ

Идораи кулли иттилооти вилояти Систону Балучистон дар ҷануби шарқи Эрон аз шиносоӣ ва нобуд кардани тими террористии вобаста ба гурӯҳаки мавсум ба Ҷайшул-Адл (Ҷайшул-Зулм) хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин гурӯҳи террористӣ ба маҳзи вуруд ба Эрон шиносоӣ шуданд ва дар доми нерӯҳои амниятии Эрон афтоданд.

Нерӯҳои амниятии Эрон илова бар кашфи силоҳ ва миқдоре муҳиммот ва лавозими сохти бомб, саркардаи амалиётии ин гурӯҳи террористӣ ба номи Илиёс Норуӣ бо номи мустаори Зубайрро ба ҳалокат расонданд.

Илиёс Норуӣ дар амалиётҳои террористии мухталифе аз ҷумла дар ҳамла ба шаҳристони Некшаҳр ва шаҳодати 2 тан аз нерӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, мушорикат дар таркиши як автобус дар Зоҳидон ва шаҳодат 27 нафар аз нерӯҳои Сипоҳ ва кошти бомби савтӣ муқобили Идораи полиси Зоҳидон нақши калидӣ ифо карда буд.

Илиёси Норуӣ ин бор низ қасд дошт бо шиносоии ҳадафҳои низомӣ ва амниятӣ дар шаҳри Зоҳидон, амалиёти террористӣ иҷро кунад.

 

Барчасп