Русия Эронро дар ҷараёни музокирот бо Туркия бар сари Идлиб қарор дод
(last modified Tue, 10 Mar 2020 05:58:30 GMT )
Март 10, 2020 10:58 Asia/Dushanbe
  • Русия Эронро дар ҷараёни музокирот бо Туркия бар сари Идлиб қарор дод

Сергей Вершинин, муовини вазири умури хориҷаи Русия дар дидор бо Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Маскав, Теҳронро дар ҷараёни музокироти ахири сарони Русия ва Туркия дар хусуси Идлиби Сурия қарор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин дидор, ки дар маҳалли Вазорати умури хориҷаи Русия баргузор шуд, тарафи рус Ҷалолиро дар ҷараёни охирин натиҷаҳои музокироти ахири раисони ҷумҳури Русия ва Туркия дар Маскав қарор дод.

Дар ин дидор ҳамчунин тарафайн бар аҳамияти идомаи ҳамкории наздик миёни Эрон, Русия ва Туркия дар чорчуби раванди Остона таъкид карданд.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия панҷшанбеи гузашта дар конфронси хабарии муштарак бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамтои туркияии худ эълом кард, ду тараф бар сари барқарории оташбас дар Идлиби Сурия ба тавофуқ расиданд.

Ба гуфтаи Путин, Маскав ва Анкара бар шавқмандии худ ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо дар чорчуби раванди Остона дар хусуси Сурия таъкид ва тавофуқ кардаанд барои назорат бар минтақа, коҳиши таниш дар шаҳракҳои наздики Идлиб гаштзаниҳои муштарак барқарор кунанд.