Март 10, 2020 12:59 Asia/Dushanbe
  • Таслияти Солрӯзи вафоти ҳазрати Зайнаб саломуллоҳ алайҳо

Эрони исломӣ дар Солрӯзи вафоти ҳазрати Зайнаб (с) дар ғаму андуҳ ва сиёҳпуш аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, имрӯз 15 раҷаби соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 10 марти 2020, Солрӯзи вафоти ҳазрати Зайнаб (с) набераи паёмбари гиромии ислом ва фарзанди ҳазрати Фотима (с) ва ҳазрати Алӣ (а) аст.

Ҳазрати Зайнаб (с) дар канори бародарашон имом Ҳусайн (а) бо ҷараёни мутаҳаҷҷир  ва мунҳарифе мубориза мекарданд, ки ба исми дифоъ аз ислом, фоҷеаи бузурги Карбалоро ба вуҷуд оварданд.

Ишон пас аз шаҳодати бародари бузургворашон имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафояш, ба ҳамроҳи дигар хондони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) ба асорат бурда шуданд, аммо дар ҳамин асорат, бо хутбаҳои пуршуру мантиқӣ, моҳияти паст ва фосиди Бани Умаяро ифшо карданд.

Наҳзати хунини имом Ҳусайн (а) бо ифшогариҳои ҳазрати Зайнаб (с) дар Куфа ва Шом зидди дастгоҳи ҳукуматии фосиди Язид, ҳадафҳо ва фалсафаи қиёми имом Ҳусайн (а)-ро барои ҳамеша мондагор кард.

Номи Зайнаб (с) ҳамвора қаринтарин қиёми шукуҳманди имом Ҳусайн (а) дар Карбало аст. Ӯ, ки руҳи зулмситезиро аз модараш Фотимаи Заҳро (с) ва падараш Алӣ (а) ба ирс бурд, дар роҳи ифшои зулму амалисозии ҳақ, бо каломи хеш аз ҳеҷ фидокорӣ ва ҷонфишонӣ дареғ наварзид.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ҳазрати Зайнаб (с)-ро намунаи барҷастаи таърих муаррифӣ карданд ва фармуданд, Зайнаби Кубро як намунаи барҷастаи таърих аст, ки азамати ҳузури як занро дар яке аз муҳимтарин масоили таърих нишон медиҳад. Ин ки гуфта мешавад дар ошуро дар ҳодисаи Карбало хун бар шамшер пирӯз шуд- ки воқеан пирӯз шуд- омили ин пирӯзӣ, ҳазрати Зайнаб буд; ваагар на хун дар Карбало тамом шуд.... ин ҳодиса нишон дод, ки зан дар ҳошияи таърих нест, зан дар матни ҳодисаҳои муҳими таърихӣ қарор дорад. Қуръон ҳам дар мавориди мутаъаддиде ба ин нукта нотиқ аст, вале ин марбут ба таърихи наздик аст, марбут ба умматҳои гузашта нест; як ҳодисаи зинда ва малмус аст, ки инсон Зайнаби Куброро мушоҳида мекунад, ки бо як азамати хиракунанда ва дурахшандае дар арса зоҳир мешавад, коре мекунад, ки душмане, ки ба ҳасби зоҳир дар корзори низомӣ пирӯз шудааст ва мухолифини худро қалъу қамаъ кардааст ва бар тахти пирӯзӣ такия задааст, дар мақарри қудрати худ, дар қасри раёсати худ таҳқир ва залил шавад; доғи нанге абадиро ба пешноии ӯ мезанад ва пирӯзии ӯро табдил мекунад ба як шикаст; ин кори Зайнаби Кубро аст. Зайнаб (с) нишон дод, ки метавон ҳуҷбу ҳаё ва афофи занонаро табдил кард ба иззати муҷоҳидона, ба як ҷиҳоди калон.

Ҳазрати Зайнаб (с) дар соли 63 ҳиҷрии қамарӣ вафот карданд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани Солрӯзи вафоти ҳазрати Зайнаб (с)-ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон таслият мегӯяд.