Март 11, 2020 21:47 Asia/Dushanbe
  • Омодагии комили Ҷумҳурии исломӣ барои маҳори Карона вирус

Ричорд Бернан раиси ҳайати эъзомии Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба Эрон рӯзи сешанбе пас аз боздид аз чанд маркази дармонӣ дар Теҳрон, бо баёни ин,ки муҳимтарин сутуни маҳор ва кантроли бемориҳои сироятӣ ба хусус вируси Карона ҳамкорӣ миёни Созмонҳои мутавали ва мардум аст, гуфт ; чунин чизе дар Эрон ба вузуҳ қобили мушоҳида аст.

Бернан бо қадрдонӣ аз талошҳои кадри пизишкӣ, парасторӣ, беҳдоштӣ ва хадамотӣ гуфт ; Эрон дар заминаи маҳори анвоъи бемориҳо ба вижа бемориҳои сироятӣ аз қудрат ва тавонмандии қобили мулоҳизае бархурдор аст ва ин тавоноиро ба хуби дар замони вуқуъи буҳронҳо ва балоҳои мухталиф нишон додааст.

 Раиси ҳайати эъзомии Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба Эрон пеш аз ин низ бо баёни ин,ки таҳти таъсири дониш ва таъаҳуди кадри дармонии Эрон қарор гирифтааст,гуфт; кишварҳои дигар дар мубориза бо Карона аз таҷрибаҳои Эрон истифода кунанд.

Дар ин занҷира; ду омили аслӣ яъне ; вируси Карона ва чигунагии муқобила бо он дар муқобили якдигар қарор гирифтаанд. Мувафақият дар муқобила бо карона ба равишҳо ва улгуҳои рафторӣ дар ҷомиъа ва дастрасӣ ба имконоти пизишкӣ ва таҷҳизоти бемористонӣ бастагӣ дорад. дар сафи аввали ин мубориза ; пизишкон ва парасторон қарор доранд ,ки барои дифоъ аз саломати ҷомиъа тамом қад истодаанд ва то кунун низ шуморе аз персанали пизишкии бемористонҳои Эрон дар Чин хидмат бар асари мубтало ба Карона ҷони худро аз даст додаанд. Ба поси қадрдонӣ аз ин заҳматҳо ва бо мувофиқати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, Мудофиони саломат, Шаҳиди хидмат маҳсуб мешаванд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи сешанбе бо пешниҳоди Сайиди Намакӣ , вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бинобар шаҳиди хидмат маҳсуб шудани кадри пизишкӣ, парасторӣ, беҳдошӣ ва хадамотие,ки дар ҷабҳаи хидматрасони ба беморони мубтало ба карона ҷони худро аз даст доданд, мувофиқат карданд.

Акнун дар Эрон ҳамаи зарфиятҳо бо истифода аз тавонмандиҳои низоми беҳдоштӣ ва дармонии кишвар ба таври густарда барои муқобила бо Каронавирус ба кор гирифта шудааст. Ин талошро на фақат миллат ва масулони низоми ҷумҳурии Эрон арҷ мениҳанд ; балки Созмони ҷаҳонии беҳдоштро низ ба таҳсин водоштааст. Албатта ҷумҳурии исломии Эрон аз кӯмаки кишварҳо ва Ниҳодҳои байналмиллалие, ки барои муқобила бо вируси Карона дар канори Эрон ҳастанд, ташакур карда ва ҳамкори ва мубодират ба иқдомҳои муштараки ҷомиъаи байналмиллалиро омили пирӯзӣ бар кантрол,маҳор ва решакании вируси карона медонад.