Март 16, 2020 15:50 Asia/Dushanbe
  • Ғарболгарии 10 миллион нафар дар тарҳи муқобила бо коронавирус дар Эрон

Муовини вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз муойинаи пешакии беш аз 10 миллион нафар дар тарҳи беморёбӣ ва муқобила бо коронавирус дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алиризо Раисӣ бо баёни инки дар натиҷаи ғарболгарӣ (муойинаи пешакӣ) аз 10 миллион нафар, 900 нафар бистарӣ шудаанд тасреҳ кард, аз маҷмӯи касоне, ки дар тарҳи миллии муқобила бо коронавирус дар Эрон  ғарболгарӣ шудаанд, ҳудуди 6 миллион нафар аз тариқи марокизи беҳдошт ва беш аз 3 миллону 700 нафар низ бо муроҷеа ба сомонаи Вазорати тандурустии Эрон ғарболгарӣ шудаанд.

Муовини вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо баёни инки дар бархе аз вилоятҳои кишвар беш аз 75 дарсад аз кулли ҷамъияти вилоят муойинаи пешакӣ шудаанд афзуд, иҷрои тарҳи ғарболгарӣ ва муқобила бо коронавирус камҳазинатарин ва дар дастрастарин иқдом барои қатъи занҷираи коронавирус аст.