Март 19, 2020 17:56 Asia/Dushanbe
  • Кишварҳои монеи содироти дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ба Эрон қотилони башарият ҳастанд

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон гуфт: Кишварҳое, ки пеши содироти дору ва таҷҳизоти пизишкиро ба Эрон мегиранд, ҳуқуқи башарро нақз намекунанд, балки онҳо қотилони башарият ҳастанд.

Алӣ Боқирии Канӣ,дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон бо баёни ин, ки бархе кишварҳои ҳампаймони Амрико, махсусан аврупоиҳо, таҳримҳои золимона, ғайриқонунӣ ва зӯрмандонаи Вашингтонро иҷро мекунанд гуфт: Доманаи таҳоҷум ва терроризми иқтисодии Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ зидди Эрон ба дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ва ғизо ҳам расидааст.

Боқирии Канӣ афзуд: Яке аз кишварҳои аврупоӣ дар ҳоле, ки пештар бонии қатъномаи ҳуқуқибашарии зидди Эрон шуда буд, ҳамакнун пеши содироти бинти махсуси беморони парвонаиро гирифтаст.

Дабири Ситоди ҳуққуқи башари қувваи қазоияи Эрон бо баёни ин, ки таҳримҳо бидуни табъиз дар мавриди ҳамаи мардуми Эрон иҷро мешавад, ёдовар шуд: Аврупоиҳо, ки иддаои ҳуқуқи башар доранд, бояд хиҷолат бикашанд, ки ин тавр аз сиёсатҳои золимонаи Амрико табаият мекунанд.

 

Барчасп