Раисҷумҳури Эрон: Соли гузашта пурифтихортарин ҳамосаҳо тавассути мардуми Эрон офарида шуд
(last modified Fri, 20 Mar 2020 13:03:48 GMT )
Март 20, 2020 18:03 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Эрон: Соли гузашта пурифтихортарин ҳамосаҳо тавассути мардуми Эрон офарида шуд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёми наврӯзӣ гуфт: Соле, ки гузашт соли ҳодисаҳо ва ҳамосаҳо буд. Бузургтарин ҳодисаҳо дар таърихи кишвари Эрон ва пурифтихортани ҳамосаҳо тавассути мардуми диловари Эрон офарида шуд.

Ҳасани Рҳонӣ имрӯз ҷумъа дар паёми наврӯзии худ бо ишора ба таҳримҳои Амрико зидди Эрон тасреҳ кард: Вақте душманон шадидтарин таҳримҳоро эъмол карданд, фикр мекарданд мардуми Эрон таслим хоҳанд шуд, аммо миллати Эрон дар баробари ин сахтиҳо муқовимат кард ва ҳамосаи ҷадидеро офарид. Ҳамосаи идораи иқтисоди кишвар бидуни нафт, ки барои аввалин бор дар даҳаҳои ахир иттифоқ афтод.

Раисҷумҳури Эрон афзуд: Амрикоиҳо мехостанд бо таваррум ва рукуд Эронро ба тавтиаи бӯҳронӣ бирасонанд, аммо ҳамаи оморҳо ба мо мегӯянд, дар 9-моҳаи соли 98 рушди иқтисодии Эрон мусбат буд ва таваррум дар ҳадди мумкин маҳор шудааст.

Рӯҳонӣ таъкид кард, ки имрӯз яъне аввалин рӯзи соли 1399 ҳиҷрии шамсӣ, захираҳои стратегии Эрон аз ҳар соли дигар ва аз ҳар наврӯзи дигар беҳтар аст.

Раисҷумҳури Эрон гуфт: Мо шикаст нахӯрдем. Мо дар баробари фишори Амрико истодем, муқовимат кардем ва дар додгоҳи байналмилалӣ дар баробари Амрико пирӯз шудем ва ин додгоҳ, дар қадами аввал Амркороро маҳкум шинохт  ва Эрон дар ҳамаи маҷомеи байналмилалӣ аз лиҳози сиёсӣ ва аафкори умумӣ пирӯз шуд.