Март 21, 2020 18:42 Asia/Dushanbe
  • Озодии шаҳрванди эронӣ дар Фаронса

Сухангӯи қувваи қазоияи Эрон аз озодии муҳандис Ҷалоли Руҳуллоҳзода, шаҳрванди эронӣ, ки ба баҳонаи нақзи таҳрмҳои Амрико алайҳи Эрон, дар Фаронса боздошт шуда буд, хабар дод.

Ғуломҳусейни Исмоилӣ, сухангӯи қувваи қазоияи Эрон шомгоҳи ҷумъа бо ишора ба озодии муҳандис Ҷалоли Руҳуллоҳзода тасреҳ кард:

Шаҳрванди бегуноҳи эронӣ, ки бо тавтиаофаринии авомили Амрико дар хоки Фаронса, мавриди иттиҳомоти воҳӣ воқеъ ва бидуни таъмини ҳаққи дифоъ ва риояти мавозини мунсифонаи додрасӣ, дар яке аз зиндонҳои Фаронса ба ҳабс маҳкум шуда буд, дар натиҷаи пайгириҳои байналмилалӣ ва тадбирҳои кувваи қазоияи Эрон озод шуд.

Исмоилӣ бо ишора бо мубодилаи ин шаҳрванди эронӣ бо як зиндонии фаронсавӣ, ки бо ҷурми ҷосусӣ дар Эрон зиндонӣ буд, таъкид кард: Умед аст, ин иқдом, ки баёнгари иқтидори амниятӣ, раъфати динӣ ва эҳтимоми Ҷумҳурии исломӣ ба муқобила бо зоеъ шудани ҳаққи шаҳрвандони эронӣ дар ҷаҳон аст, дарсе барои муддаиёни ҳуқуқи башари амрикоӣ бошад.