Гуфтугӯи телефонии вазири хориҷаи Эрон бо ҳамтои қирғизистонӣ
Март 21, 2020 21:28 Asia/Dushanbe
Зариф ва ҳамтои қирғизистонии вай бар муқобилаи фаврӣ ва ҷаҳонӣ бо коронавирус таъкид кард.
Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Қирғизистон дар гуфтӯи телефонӣ, дар хусуси хурӯҷи коронавирус дар ҷаҳон ва лузуми муқобилияти фаврӣ ва ҷаҳонӣ бо он таъкид карданд.
Ба нақл аз ИРНА, Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷа, Муҳаммадҷаводи Звриф ва Чингиз Айдарбеков, вазирони умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Қирғизистон, асри имрӯз дар гуфтугӯи телефонӣ, дар хусуси хурӯҷи коронавирус дар ҷаҳон ва лузуми муқобилияти фаврӣ ва ҷаҳонӣ бо он ва низ лузуми рафъи таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико, ки саломатӣ ва ҷони мардуми Эронро нишона рафтааст, гуфтугӯ ва табадули назар карданд.