Футсоли Эрон сеюми ҷаҳон шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i5200-Футсоли_Эрон_сеюми_ҷаҳон_шуд
Тими футсоли Эрон муваффақ шуд бо шикасти тими футсоли Португалия дар дидори радабандии Ҷоми ҷаҳонии Колумбия, барои нахустин бор ба мақоми сеюми ҷаҳон даст ёбад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 02, 2016 09:35 Asia/Dushanbe
  • Футсоли Эрон сеюми ҷаҳон шуд

Тими футсоли Эрон муваффақ шуд бо шикасти тими футсоли Португалия дар дидори радабандии Ҷоми ҷаҳонии Колумбия, барои нахустин бор ба мақоми сеюми ҷаҳон даст ёбад.

Тимҳои миллии футсоли Эрон ва Португалия, шанбе шаб дар дидори радабандии Ҷоми ҷаҳонии футсол дар шаҳри "Колӣ"-и Колумбия ба масофи якдигар рафтанд, ки ду тим баъд аз тасовии 2 бар 2 дар дақоиқи қонунӣ, ин тим Эрон буд, ки дар зарботи пинолтӣ тими Португалияро бо натиҷаи 4 бар 3 шикаст дод ва барои нахустин бор ба мақоми сеюми ҷаҳон даст ёфт.

Тими Эрон қабл аз расидан ба дидори радабандӣ, дар марҳалаи муқаддамотӣ баробари Испания шикаст хӯрда буд, аммо Марокашро 5 бар 3 шикаст дода буд ва баробари ҷумҳурии Озарбойҷон низ ба тасови 3 бар 3 даст ёфта буд.

Бо ин ҳол, тими Эрон ба унвони тими сеюм аз гурӯҳи худ ба марҳалаи як ҳаштум сууд кард ва муваффақ шуд, барои аввалин бор тими футсоли Бразилия, пурифтихортарин тими футсоли ҷаҳонро дар зарботи пинолтӣ ҳазф кунад.

Тими футсоли Эрон дар идомаи ин рақобатҳо дар марҳалам як чаҳоруми ниҳоӣ, 4 бар 3 Парагувайро шикаст дода ва ҳарифи Русия дар дидори ниманиҳоӣ шуданд.

Бо ин ҳол тими Эрон дар дидоре наздик 4 бар 3 аз Русия шикаст хӯрд ва ҳарифи Португалия дар дидори радабандӣ шуд.

Дидори ниҳоии мусобиқоти ҷаҳонии футсолро тимҳои Русия ва Аргентина баргузор мекунанд.