Март 26, 2020 18:39 Asia/Dushanbe
  • Иҷроии тарҳи фосилагузории иҷтомоӣ барои мубориза бо Корона дар Эрон

Муовини вазири кишвари Эрон аз иҷроии тарҳи Фосилагузории иҷтимоӣ барои мубориза бо Корона дар ин кишвар хабар дод ва гуфт ; дар иҷроии ин тарҳ сафарҳои беруншаҳри аз имрӯз мамнуъ мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ; Ҳусейн Зулфиқорӣ раиси Кумитаи иҷтимоии интизомии ситоди миллии мудирияти Корона ва муовини вазири кишвари  Эрон дар нишасти хабари афзуд ; барои қатъи занҷираи интиқоли Корона то иттилои баъди сафарҳои беруншаҳри дар Эрон мамнуъ аст ва худрави мухолифон то як моҳ тавқиф мешавад ва 500 ҳазор туман ( ҳудуди 36 доллар ) ҷарима низ барои онон дар назар гирифта шудааст.

Муовини вазири кишвар бо ишора ба барномарезиҳои суратгирифта барои таътилии баъзе асноф ҳам гуфт ; аснофи мухталиф ,ки ба қонун таваҷуҳ накунанд,ба мудати як моҳ баста мешаванд.

Зулфиқорӣ ҳамчунин аз мамнуъияти баргузории ҳаргуна маросими ғайрирасмӣ барои пешгири аз интишори бемории Корона хабар дод ва афзуд ; фаолияти идораҳо ва дастгоҳҳои давлатӣ ба ғайр аз марказҳои дармонӣ , пулис ва додситониҳо бо ҳадиаксари дуркорӣ ва ҳадиақали ҳузури коркунон дар идораҳо анҷом мешавад.

Идомаи таътилии донишгоҳҳо, мактабҳо, поркҳо, бустонҳо ва марказҳои варзишӣ,маҳдудияти тарадуд дар хатҳои релӣ, хатҳои ҳавоӣ ва поёнаҳои мусофирбари низ дар ин тарҳ пешбини шудааст.

Дар айни ҳол дар Эрон фаолияти аснофе ,ки маводи зарурии ҳамчун маҳсулоти ғизоӣ ва доруиро таъмин мекунанд бемаҳдудият идома дорад.

Маҷмуъи беморони мубтало ба Корона дар Эрон ба 29 ҳазору 406 нафар расидааст ,ки аз ин теъдод токунун 10 ҳазору 457 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Ҳамчунин 24 соати гузашта, 157 нафар аз беморони Кувиди 19 дар Эрон ҷони худро аз даст додаанд ва дар маҷмуъ шумори даргузаштагон бар асари ин бемори ба 2234 нафар афзоиш ёфтааст.

Барчасп