Март 29, 2020 08:48 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи валодати ҳазрати Абулфазл (а) муборак бод

Имрӯз якшанбе чаҳоруми шаъбони соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 29 марти 2020, солрӯзи валодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а) аст .

 Чаҳоруми шаъбони соли 26 ҳиҷрии қамарӣ, ҳазрати Аббос (а) мулаққаб ба Абулфзл, қамари бани Ҳошим, аламдори Карбало ва Саққо, аз фарзандони ҳазрати Алӣ (а)-писарамак,домод ва ёри бовафои Пайғамбар(с) дар шаҳр Мадина чашм ба ҷаҳон гушуд

 Модари гиромии он ҳазрат Уммулбанин ном дошт, ки пас аз вафоти ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), ифтихори ҳамсарии ҳазрати Алӣ (а)ро ёфт

 Ҳазрати Абулфзл (а) ҳамосасози қиёми Ошуро аст, ки бо исор, ҷонбозӣ ва шаҳодат тавонист ишқ ва иродат ба имоми замони худро ба арсаи зуҳур бирасонад ва ингуна улгу ва намунаи шоиста аз вафодорӣ барои раҳравони роҳи ҳақиқат лақаб гирад.

 Солрӯзи валодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а) дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон, рӯзи "Ҷонбоз" номгузорӣ шудааст

 Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани солрӯзи валодати ҳазрати Абулфазли Аббос(а)-парчамдори ишқу исорро ба ҳама мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.