Набуди мушкили асосӣ дар таъмини арзи ниёзмандиҳои асосии бахши саломати Эрон
Рӯҳонӣ: Дар таъмини арзи ниёзмандиҳои бахши саломат ва колоҳои асосӣ мушкиле надорем.
Раисиҷумҳур бо баёни инки дар таъмини арзи ниёзмандиҳои бахши саломат ва колоҳои асосӣ, то поёни соли мушкиле нахоҳем дошт, гуфт, ҳудуди 4 миллион тон колои асосӣ дар гумрукоти кишвар вуҷуд дорад, ки дар рӯзҳои оянда, тархис ва вориди бозор мешавад.
Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷаласаи Ситоди иқтисодии давлат ба манзури баррасии осори густариши бемории корона афзуд, Бонки марказӣ гузориши хубе аз шароити арзии кишвар додааст, шароите, ки барои таъмини арз дар тақаддуми аввал барои бахши саломат, ниёзмандиҳои доруӣ ва пизишкӣ ва дар бахши дуввум барои колоҳои асосӣ буд, ки мушкиле то поёни соли 99 барои таъмини арз нахоҳем дошт.
Вай афзуд, бахши аввали баҳс роҷеъи колоҳои асосӣ, дору ва таҷҳизоти пизишкӣ буд, ки то поёни соли 99 чигуна бояд таъмин шавад ва чӣ манобеи арзӣ дар ихтиёр дорем ва чӣ иқдомоте дар ин замина бояд анҷом бигирад. Бахши дуввум роҷеъ ба гумрукот буд, ки имрӯз ҳудуди 4 миллион тон колоҳои асосӣ дар гумрукот вуҷуд дорад. Колоҳое, ки харидорӣ шудааст ва муқаррароте, ки лозим аст мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳем, ки колоҳо аз гумрукот озод шавад ва дар дохили кишвар шавад.
Рӯҳонӣ ёдовар шуд, дар гумрукот колоҳое дигар вуҷуд дорад, ки ҷузъи колоҳои асосӣ нест, аммо колоҳои мавриди ниёз барои тавлид аст, ки ин ҳам мавриди баҳс қарор гирифт, ки вазорати санъат, маъдан ва тиҷорат листи он колоҳое, ки мавриди зарурати мо ва зарурати тавлид аст мушаххас кунад, ки онҳо озод шавад, Бонки марказӣ ҳам тартиботи хоссеро пешбинӣ кард, ки чигуна арзи ин колоҳо таъмин шавад.
Рӯҳонӣ изҳор дошт, албатта баҳси дигаре матраҳ шуд, ки ин баҳс тасмими ниҳоии он дар ихтиёри Ситоди миллии корона хоҳад буд ва он инки касбу корҳо баъд аз таърихи бистуми фарвардин чигуна бояд роҳандозӣ шавад ва протаколҳои он чигуна бояд бошад, ки албатта дар ин ҷаласа дар хусуси бахши иқтисодии он мавриди баррасӣ қарор гирифт, аммо баҳси аслии он имрӯз дар вазорати кишвар дар ин замина анҷом мегирад ва баъд ҳам мо дар Ситоди миллии корона дар рӯзи якшанбе ин мавзӯъро мавриди баррасӣ қарор медиҳем ва тасмимгирӣ мекунем.
Вай гуфт, боз таъкид мекунам, масъалаи корона, масъалае нест, ки бигӯем фалон рӯз ба таври комил даврааш тамом мешавад, корона мумкин аст то моҳҳои оянда ва ё то охири сол бо мо бошад. Ҳамеша бояд дар чорчуби дастуруламалҳое, ки вазорати беҳдошт содир мекунад амал кунем, бояд протоколҳои беҳдоштиро дар ҳама ҷо риоят кунем. Марокизи фаъолияти иқтисодӣ ва касбу корҳо пас аз бозгушоӣ ҳам бояд протоколҳои беҳдоштиро риоят кунанд. Мумкин аст иҷтимоот барои муддати дигар ҳам маҳдуд бишавад ва лозим бошад иҷтимоот надошта бошем.
Раисиҷумҳур бо баёни инки мубориза бо корона ҷаҳонӣ аст ва фақат масъалаи Эрон нест, гуфт, то поёни ин масир, роҳи кӯтоҳе дар пеш надорем, бояд бо муроот ва ҳамкорӣ ва ёрии якдигар ва иноёти Худованд аз ин марҳала убур хоҳем кард.