Апрел 08, 2020 11:44 Asia/Dushanbe
  • Амрико монеи пардохти воми Сандуқи байналмилалии пул ба Эрон шуд

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар идомаи сиёсати фишори ҳаддиаксарии худ ба Эрон, аз пардохти воми Сандуқи байналмилалии пул ба Эрон ҷилавгирӣ кард.

Ба нақл аз Спутник, Масъуди Афшор, ройзани матбуотии сафорати Эрон дар Маскав гуфт:

 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико монеи пардохти воми 5 миллиардии Сандуқи байналмилалии пул ба Эрон шуд ва ин дар ҳоле аст, ки Эрон ба далели таҳримҳо, яке аз даргиртарини кишварҳо бо коронавирус аст  ва бахши беҳдошт ва дармони Эрон барои мубориза бо коронавирус ва ҷилавгирии он ниёз ба кӯмак дорад.

Эрон пас аз ним қарн барои аввалин бор аз Сандуқи байналмилалии пул дархости вом кардааст ва мизони супурдаи Эрон дар ин сандуқ ба Эрон иҷоза медиҳад, ки тақозои вом кунад, аммо Амрико дар идомаи фишори ҳадиаксарӣ бар Эрон монеъ аз пардохти ин вом шуд.

 

Барчасп