Апрел 08, 2020 20:11 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи мелоди ҳазрати имом Маҳдӣ (а)

Панҷшанбеи 15 шаъбони соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 21 фарвардинт 1399 ҳиҷрти хуршедӣ ва 8 апрели 2020, мусодиф бо солрӯзи мелоди фархундаи ҳазрати имом Маҳдӣ алайҳиссалом, набераи гиромии паёмбари акрам (с) аст.

Ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) дар саҳаргоҳи нимаи шаъбоналмуаззами соли 255 ‪ҳиҷрии қамарӣ дида ба ҷаҳон кушуданд.

Падари бузургвори эшон ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ алайҳиссалом ва модарашон, бонуи гиромӣ Нарҷис (с) ном доштанд.

Ҳазрати Маҳдӣ ду давра ғайбат дошт, яке кӯтоҳмуддат (ғайбати суғро) ва дигаре дарозмуддат (ғайбати кубро), ки аввалӣ аз ҳангоми таваллуд то поёни даврони ниёбати хоса идома дошта ва дувумӣ, бо поёни давраи нахуст оғоз шуд ва то ҳангоми зуҳур ва қиёми он ҳазрат тӯл хоҳад кашид.

Дар шабу рӯзи солрӯзи мелоди ҳазрати имом Маҳдӣ (аҷ) мардуми Эрони исломӣ иродати худро ба хонадони паёмбари Ислом (с) нишон медиҳанд.

Сайт ва радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи мелоди Маҳдии мавъуд - имоми замон (аҷ)-ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ва дигар озодихоҳон табрик мегӯяд.

Солрӯзи мелоди ҳазрати имом Маҳдӣ (а) муборак бод.