Апрел 13, 2020 09:00 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Идомаи таҳримҳо поймолкунандаи оддитарин ҳуқуқи аввалияи башар аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон асри якшанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат идомаи таҳримҳои Амрикоро, ки амалан шомили таҳрими ғизо ва дору низ шудааст, поймолкунандаи оддитарин ҳуқуқи аввалияи башар донист.

Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин ҷаласа таъкид кард, таҳримҳои ғизоӣ ва доруии Амрико алайҳи Эрон намунаи терроризми ғизоӣ ва беҳдоштӣ аст.

Таҳримҳои якҷониба ва золимонаи Вашингтон, ки шомили колоҳои асосӣ ва ҳатто доруӣ ва пизишкӣ мешавад, боиси эҷоди мушкилоти фаровоне барои мардуми Эрон ба вижа беморони коронаӣ шудааст.

Бо ин ҳол мақомоти Кохи Сафед ҳамчунон бар идомаи рӯйкарди таҳримии худ дар чорчуби сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ зидди Эрон исрор доранд ва ба сурати мустамар ба эъломи таҳримҳои ҷадид зидди ҷумҳури исломӣ мепардозанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ахиран дар номае ба Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони миллал бо таъкид бар лузуми рафъи ҳамаи таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико алайҳи Эрон, тасреҳ карда буд: Бо вуҷуди тавонмандии илмии низоми саломати Эрон, таҳрим ва пешшартҳои Амрико барои мумониат аз фуруши дору ва таҷҳизоти пизишкӣ, талошҳо барои мубориза бо шуюи вируси корона дар Эронро бо монеаҳои ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст.

 

Барчасп