Таъкиди сафири Эрон бар тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Туркманистон
Сафири Эрон дар Туркманистон бар тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар бо меҳварияти транзит таъкид кард.
Ғуломаббос Арбоб Холис, сафири Эрон дар Туркманистон рӯзи панҷшанбе дар нишасте бо аъзои Кумитаи сомондиҳии мабодии марзии устони Хуросони Разавӣ дар Машҳад(шимоли шарқи Эрон), тавсеа ва афзоиши ҳамкориҳои транзитӣ байни ду кишвар дар бахшҳои релӣ ва ҷодаӣ ва рафъи мавонеъ ва маҳдудиятҳои мавҷудро зарурӣ донист.
Арбоб Холис бо ишора ба иқдомот ва барномарезиҳои сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Туркманистон гуфт, мақомоти Эрон ва Туркманистон барои таъмиқи ҳарчӣ бештари равобити дуҷониба дар ҳавзаҳои мухталиф ва эҷоди шароити лозим тамоюл ва назари муштарак доранд.
Сафири Эрон дар Туркманистон афзуд, тавонмандии Эрон бавижа устонҳои марзӣ дар бахшҳои мухталифи санъатӣ, сохтумонӣ, кишоварзӣ, донишгоҳӣ, судури хадамоти фаннӣ, муҳандисӣ ва илмӣ ва фанновариҳои навин метавонад бистари тақвияти ҳамкориҳои мавҷуд байни ду кишвар бошад.