Апрел 16, 2020 20:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори падофанди ҳавоии Эрон ба ҷангандаи амрикоӣ

Бархе манобеъ аз тағйири масири ҷангандаи амрикоӣ дар Халиҷи Форс бо ҳушдори падофанди ҳавоии Эрон хабар доданд.

Шабакаи Алҷазираи Қатар рӯзи панҷшанбе ба нақл аз манобеи эронӣ эълом кард, чанде пеш як ҷангандаи Амрико талош дошт вориди ҳарими ҳавоии Эрон шавад, аммо ҳушдори падофанди ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон мӯҷиби тағйири масири ин ҷанганда шуд.

Ин манобеъ афзуданд, манёври шиноварҳои эронӣ дар Халиҷи Форс низ дар посух ба иқдомоти таҳрикомези Амрико буд.

Созмони террористии СЕНТКОМ (Ситоди фармондеҳии нирӯҳои амрикоии мустақар дар минтақаи ғарби Осиё, Осиёи Марказӣ ва шарқи Африқо) бомдоди панҷшанбе дар баёнияе эълом кард, ёздаҳ шиновари низомии эронӣ ба 6 киштии ҷангии амрикоӣ наздик шуданд.

Ин баёния меафзояд, шиноварҳои эронӣ аз наздикии киштиҳои амрикоӣ убур кардаанд.

Нирӯҳои мусаллаҳи Эрон борҳо ба мақомоти амрикоӣ ҳушдор додаанд, агар кӯчактарин чашмдошт, иқдом ё назари сӯ ба амнияти Эрон дошта бошанд, бо шадидтарин аксулъамали Ҷумҳури исломӣ мувоҷиҳ хоҳанд шуд.

 

Барчасп