Апрел 18, 2020 15:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури низомии мутаҷовизонаи Амрико дар Халиҷи Форс; омили ноамнӣ дар минтақа

Вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон, рӯзи ҷумъа дар ҳошияи маросими гиромидошти Рӯзи артиш, ҳузури низомии Амрико дар Халиҷи Форсро боиси ноамнӣ донист.

Амир сартип Амири Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон дар вокуниш ба баёнияи Созмони террористии Сентком  дар хусуси шиноварҳои эронӣ дар Халиҷи Форс тасреҳ кард: Он чи боиси ноамнӣ дар минтақаи Халиҷи Форс мешавад, ҳузури ғайриқонунӣ ва мутаҷовизонаи амрикоиҳо аст, ки аз он тарафи дунё омада ва дар канори марзҳои мо ҳузур ёфтаанд ва иддаоҳои беҷо ҳам мекунанд.

Созмони террористии Сентком (Ситоди фармондеҳии неруҳои амрикоии мустақар дар минтақаи Ғарби Осиё, Осиёи Марказӣ ва шарқи Африқо) панҷшанбеи гузашта дар баёнияе муддаӣ шуд, ки ёздаҳ шиновари низомии эронӣ бо наздик шудан ба 6 киштии ҷангии амрикоӣ барои онҳо "музоҳимат эҷод кардаанд."

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба лафзбозиҳо ва иддаоҳои мақомҳои Амрико алайҳи Эрон як Твиттери пурмаъноро, ки яксол қабл навишта буд бо иборати "ёдоварии солона " такрор кард.

Зариф навишт: Ба назар мерасад, ки неруи дарёии Амрико наметавонад роҳашро дар обҳои мо пайдо кунад; эҳтимолан ба ин хотир, ки номи онро намедонанд.

Халиҷи Форс 2000 сол пеш аз он ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба вуҷуд биёяд ба ҳамин ном будааст. Ё ин ки намедонанд 7000 майл дуртар аз хонаи худ, атрофи хонаи мо чи мекунанд!

Суханони вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон дар Рӯзи артиш низ пайёми равшане дар ин замина дорад.

Сартип Ҳотамӣ тасреҳ кард: Мо дар хонаи худамон ҳастем ва онҳо (амрикоиҳо) аз он сӯи дунё омадаанд то барои кишварҳои минтақа бо таҳдид ва таҳрим мушкил дуруст кунанд.

Мудофеони бо иқтидори ҷумҳурии Эрон борҳо ба мақомоти амрикои ҳушдор додаанд, агар кучактарин чашмдошт, иқдом ё назари сӯе ба амнияти Эрон дошта бошанд, бо шадидтарин аксулъамали ҷумҳурии исломӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Моҳи июни соли гузашта як  паҳподи ҷосусии Амрико дар пайи таҷовуз ба ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муқобили кӯҳи Мубораки устони Ҳурмузгон, ҳадафи оташи дифои неруи ҳавофазои сипоҳ қарор гирифт ва сарнагун шуд.

Чанде пеш низ як ҷангандаи Амрико талош кард вориди ҳарими ҳавоии Эрон шавад, аммо ҳушдори дифои ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҷиби тағйири масири ин ҷанганда шуд.

Таҷриба нишон медиҳад амрикоиҳо бо ҳар ҳаракате, ки ба баҳонаи эҷоди амният анҷом додаанд, амалан таҳдидҳои бештареро ба миллатҳои минтақа таҳмил кардаанд. Таҳаррукоти низомии Амрико дар Халиҷи Форс низ аз ин қоида истисно нест. Ангезаи ин ҳузурро метавон дар се ҳадаф баён кард:

Ҳадафи нахуст ; ироаи тасвире ғайривоқеӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони як ҷараёни барҳамзанандаи субот дар минтақааст.

Ҳадафи дуввум; ноамн кардани минтақа ва эътилофсозӣ бар зидди Эрон дар ростои Эронҳаросӣ аст ва ҳадафи севвуми Амрико дар минтақа, эҷоди чолишҳои амниятӣ ва маҳдудсозии тавони дифоии Эрон аст.

Ин се ҷараёни ҳамсӯ нишон медиҳад, ҳадафи роҳбурдии Амрико аз танишсозӣ дар минтақа, ҷилавгирӣ аз ҳамкориҳои амниятӣ байни кишварҳои минтақааст. Акнун амрикоиҳо вориди бозии ҷадиде аз ноамнсозӣ дар минтақа шуда ва бо стратегияи таҳдидсозӣ аз Эрон саъй доранд худро мудофеи амнияти Халиҷи Форс ва гулӯгоҳи Ҳурмуз нишон диҳанд, дар ҳоле ки худи инҳо мусаббиби ноамнӣ дар минтақа ҳастанд.

Бо таъкид бар ҳамин воқеият аст, ки Эрон бо ироаи тарҳи "Сулҳи Ҳурмуз" кишварҳои минтақаро ба ҳамкорӣ дар ҷиҳати ҳифзи амнияти ҷамъӣ даъват кардааст.

Ин рӯйкард нишон медиҳад Ҷумҳурии Исломии Эрон, субот ва амнияти Халиҷи Форс ва гулӯгоҳи Ҳурмузро ба манзилаи субот ва амнияти кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон медонад ва бар ҳамин асос дар муқобила бо иқдомоти таҷовузкоронаи душманон ва барҳамзанандагони субот ва амният дар минтақа қотеона амал мекунад.