Руҳонӣ: Вируси корона озмуни коромадии ҳамаи кишварҳо аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамагирии вируси коронаро озмуне барои коромадии ҳамаи кишварҳо ва ҷомеаҳои башарӣ донист.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Руҳонӣ имрӯз чаҳоршанбе дар нишасти ҳайати давлати Эрон афзуд: Кишварҳо дар ҳоли рақобати шадид барои султа бар вируси корона, ёфтани дармон, кутоҳ кардани давраи беморӣ ва пешгирӣ аз ҳамагирии он ҳастанд.
Руҳонӣ бо ишора ба ин ки тасаллути кадри дармонӣ ва ҳушмандӣ ва ҳамкории мардуми Эрон дар маҳори вируси корона афзоиш ёфтааст тасреҳ кард: Тавони имрӯзи Эрон дар заминаи тавлиди маводди зиддиуфуникунанда, шӯянда ва беҳдоштӣ на танҳо ба гунае аст, ки ниёзи дохилиро таъмин мекунад, балки қудрати содирот низ ба вуҷуд омадааст.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи вазъияти бозори нафт ҳам гуфт: Имрӯз ҳар кишваре, ки бештар ба нафти хом иттико карда буда шароиташ сахттар шуда, аммо чун такияи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нафт -хоста ё нохоста, бо ирода ва ё бо таҳмили душман- камтар шудааст хисоратҳо низ камтар хоҳад буд.
Руҳонӣ бо баёни ин ки шароити иқтисодии Эрон нисбат ба ҷаҳон шароити оромтаре аст, ибрози умедворӣ кард баъд аз поёни корона ҳам рушди иқтисодии Эрон идома дошта бошад.