Таъкиди Эрон бар дифо аз худ дар баробари ҳар гуна таҷовузи душманон
(last modified Thu, 23 Apr 2020 05:56:33 GMT )
Апрел 23, 2020 10:56 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар дифо аз худ дар баробари ҳар гуна таҷовузи душманон

Сухангуи намояндагии Эрон дар Созмони Милалл гуфт ; дар миёнаи густариши ҷаҳонии Карона ва дар шароите,ки ҳамаи давлатҳо бар муқобила бо ин таҳдид мутамарказ шудаанд,ҳузури неруҳои амрикоӣ дар обҳои Халиҷи Форс бемаъност.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Алиризо Мирюсуфӣ, сухангуи намояндагии Эрон дар Созмони Милаллӣ Муттаҳид дар саҳифаи ТВИТТЕРИИ худ ин суолро матраҳ кард,ки неруҳои амрикоӣ дар обҳои Халиҷи Форс ва ҳафт ҳазор мойл дуртар аз кишварашон чикор мекунанд?

Вай таъкид кард ; ҷумҳурии исломии Эрон собит кардааст,ки таслими таҳдид намешавад ва дар чорчуби ҳуқуқи байналмилалл,дар дифо аз қаламрави сарзамини худ дар баробари ҳаргуна таҷовузе, тардид намекунад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ба тозагӣ дар ТВИТТЕР беишора ба ҳузури ғайри қонунии новҳои амрикоӣ дар обҳои Халиҷи Форс навишт ба неруи дарёии Амрико дастур додааст ба самти қойиқҳои эроние,ки дар Халиҷи Форс ҳузур доранд шилик кунад.

Ҷумҳурии исломӣ борҳо эълон кардааст, расади шиноварҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангии хориҷӣ дар тангаи Ҳурмуз ва Халиҷи Форс ҳақи Эрон аст ва дар сурати таарузи онҳо ба ҳарими дарёӣ ва дарёии Эрон,тибқи қавонини байналмилаллӣ бо онҳо бархурд хоҳад шуд.