Апрел 23, 2020 18:37 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии раисиҷумҳури Эрон аз иқдоми Сипоҳи посдорон дар партоби моҳвора

раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо қадрдонӣ аз иқдоми Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар партоби моҳвора гуфт, иқдоми ахири Сипоҳи посдорон дар партоби моҳвора, иқдоме муборак ва ҳосили талошҳои арзишманди ин ниҳод аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон рӯзи панҷшанбе гуфт, мусодиф шудани иқдоми арзишманди Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар партоби моҳвора бо рӯзҳои поёнии моҳи шаъбон ва баҳрабардорӣ аз тарҳҳои тавлидӣ, нишонаи талоши арзишманди талошгарони арсаи тавлид ва созандагӣ дар шароити душвор аст.

Моҳвораи "Нур" ба унвони нахустин моҳвораи низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе аз моҳворабари 3 марҳалаии "Қосид", аз кавири марказии Эрон тавассути Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар мадори 425 километрии замин қарор гирифт.

 

Барчасп