Апрел 25, 2020 14:17 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маҳфили унс бо Қуръони карим бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ

Маҳфлили унс бо Қуръони карим мутобиқи расми солҳои гузашта, бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, дар аввалин рӯз аз моҳи мубораки рамазон баргузор хоҳад шуд.

Маросими маҳфили унс бо Қуръони карим имсол ба далели дастурамалҳои беҳдоштии Ситоди мубориза бо коронавирус мабнӣ бар баргузор накардани таҷаммӯот, аз тариқи иртиботи тасвирӣ, бо чанд тан аз қориёни мумтози Эрон дар мусаллои Имом Хумайнӣ (р) баргузор мешавд.

Ин маросим имрӯз (шанбе) аз соати 18:00 ба вақти Теҳрон оғоз ва ба сурати зинда аз шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии дохилӣ ва бурунмарзӣ ва ҳисобҳои расмии  KHAMENEI.IR дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мешавад.