Афзоиши 250 ҳазор тонаии тавлиди маҳсулоти петрохимӣ дар Эрон
(last modified Sat, 25 Apr 2020 11:25:43 GMT )
Апрел 25, 2020 16:25 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 250 ҳазор тонаии тавлиди маҳсулоти петрохимӣ дар Эрон

Мудири омили пертохимии Арванд бо ишора ба вориди мадор шудани бахше аз зарфияти холии ин пертохимӣ дар яксоли гузашта гуфт: Бо ин иқдом 250 ҳазор тонна дар сол ба сабади тавлиди саноати петрохимии Эрон афзуда шудааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Ҳасани Нишонзода-мудири омили петрохимии Арванд бо баёни ин ки петрохимии Арванд яке аз бузургтарин воҳидҳои занҷираи хлор дар ҷаҳон аст гуфт: Ҳудуди як дарсад аз тавлиди хлори кулли ҷаҳон дар ин петрохимӣ анҷом мешавад.

Мудири омили петрохимии Арванд бо баёни ин ки 57 дарсади саноати пи ви сии ҷаҳон дар Ғарби Осиё аст афзуд: 27 дарсади он мутааллиқ ба петрохимии Арванд аст.

Нишонзода ҳамчунин бо ишора ба ин ки маҳсули стратегии Кастик барои истифода дар саноати мухталиф дар петрохимии Арванд тавлид мешавад, таъкид кард: Акнун  на танҳо ниёзи кишвар ба ин маҳсул таъмин мешавад, балки Эрон яке аз кишварҳои содиркунандаи Кастик ба шумор меояд.

Ширкати петрохимии Арванд дар вилояти Хузистон дар ростои тавсеаи саноатии Эрон ва низ таъмини маводди аввалияи саноати химиёӣ ва пойиндасте дар бозорҳои дохилӣ ва содиротӣ сохта шудааст.

Ҷумҳурии исломии Эрон зарфияти тавлиди ҳудуди 100 миллион тоннаии маҳсулоти петрохимиро дар сол дорад, ки бо такмил ва роҳандозии тарҳҳои ниматамом, зарфияти тавлид ба беш аз 130 миллион тонна афзоиш хоҳад ёфт.