Апрел 25, 2020 17:07 Asia/Dushanbe
  • Эрон кишваре муқтадир дар арсаи низоми саломат

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Эронро ба унвони кишваре муқтадир дар арсаи низоми саломат мешиносад ва дар заминаи бемории КОВИД-19 низ иртибототи бисёр хуб, самимона ва танготанге бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барқарор аст.

Саиди Намакӣ- вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо баёни ин нукта, ки системи шабакаи беҳдоштӣ ва дармонии Эрон дар минтақа беназир аст, афзуд: Эрон таҷрибаҳои хубе монанди решакании фалаҷи тифлон, сурхак, контроли малария, кузоз ва бисёре аз бемориҳои вогирро дорад.

Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон дар хатти муқаддами муқобила бо корона талошҳои ба ёдмондние кардааст , ки нишон аз тавонмандии шабакаи беҳдошт ва дармони Эрон барои шикасти ин вируси маргбор дорад. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  низ кадри дармонии Эронро яке аз қавитарин системҳои беҳдоштӣ дар минтақаи шарқи баҳри Миёназамин муаррифӣ кардааст.

Ҷомеаи технологии Эрон низ ҳамгом бо кадри дармон ва беҳдошти Эрон аз рӯзҳои нахусти даргирӣ бо корона талошҳои ҷиддӣ ва асаргузореро шуруъ кард. Иттифоқи муҳимме, ки дар ин раванд тавассути ширкатҳои донишбунён рух дода тавлиди таҷҳизоте аст , ки сохти онҳо дар инҳисори теъдоди андаке аз кишварҳои пешрафта будааст.

Сурно Сатторӣ- муовини илмӣ ва технологии раёсатҷумҳурӣ бо баёни ин ки ширкатҳои донишбунён дар ҳоли таҳқиқот дар заминаи протоколҳои доруӣ барои дармони корона ҳастанд; дар пайёми Инистаграми худ навишт: Аз тавлиди дастгоҳҳои тавлиди ниқоби тиббӣ, маводди зидди уфунӣ то таҷҳизоти бисёр пешрафтаи пизишкӣ монанди вентилатур, таҷҳизоти утоқҳои icu , си ти скан ва тавлиди анбуҳи тестҳои ташхисӣ ва ҳаминтавр талошҳои бисёре барои таҳияи ваксина ва дору дар ҳоли анҷом аст ва се гурӯҳи мустақил рӯйи ваксинаи бемории корона кор мекунанд.

Имрӯз ташхиси корона бо сомонаи ташхиси эронӣ анҷом мешавад ва ин натиҷаи ҳаракати ширкатҳои донишбунён дар ҳавзаи ҳуши сунъӣ ва рушди ҷаҳишгунаи тавонмандии марокизи таҳқиқотие аст, ки шоистагии худро нишон додаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон акнун фаротар аз 2 миллиону 700 ҳазор нафар шудааст, ки аз ин теъдод наздик ба 200 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин омор нишон медиҳад ибтило ба КОВИД-19 як мушкили ҷаҳонӣ аст ва муқобила бо шуйюи вируси корона озмуни бузург барои тамоми кишварҳо ба шумор меравад. Зарфи чанд моҳи гузашта аз ҷаҳонӣ шудани шуйюи корона, бахши дармон ва беҳдошт дар бисёре аз кишварҳо ҳатто дар Амрико ва Аврупо дучори мушкилоти ҷиддӣ шудааст. Таҳияи ниқоби тиббӣ, дасткаш, лавозими беҳдоштӣ ва зидди уфунӣ бахше аз ин чолиши бузург аст. Аз тарафи дигар ҳануз замони қатъӣ барои раҳоӣ аз хатари вируси КОВИД-19 пешбинӣ нашудааст. Аз ин ру муҳимтарин кор талош барои суръат бахшидан ба ташхис ва карантини беморон ва қатъи занҷираи интиқоли беморӣ аст .

Вуҷуди ин вирус сабаб шуд то донишмандон ва муҳаққиқон дар кишварҳои мухталиф талоши густурдаеро барои анҷоми таҳқиқот дар ин замина оғоз кунанд. Аз тавлиди ниқобҳои тиббии наноӣ гирифта то таҳқиқ барои тавлиди ваксинаи корона аз ҷумлаи фаолитҳое аст, ки муҳаққиқони эронӣ дар ин замина анҷом додаанд.

Масъуди Сулаймонӣ- донишманди эронӣ дар ҳамин иртибот аз таҳқиқот бо истифода аз селлулҳои бунёдӣ дар беморони корона хабар дода ва гуфтааст: Ин таҳқиқ таҳти назорат ва ҳимояти муовинати таҳқиқоти Вазорати беҳдошт дар 2 бемористони Шариатӣ ва Масиҳи Донишварӣ дар ҳоли иҷро аст ва натоиҷи марҳилаи аввали кор озмоии болинии он ба зудӣ тавассути Вазорати беҳдошт ва дармон эълом мешавад.

Дар чунин шароите табодули иттилооти пизишкӣ аҳамияти зиёде барои ҷаҳон дорад ва Эрон омодааст дастовардҳои пизишкӣ ва таҷрибаҳо дар заминаи коронаро ба дигар кишварҳо мунтақил кунад. Дар ин роҳ кишварҳои зиёде ба кумаки ҳам омадаанд; аммо дар ин чолиши ҷаҳонӣ, Амрико танҳо кишваре аст, ки бо таҳримҳояш алайҳи Эрон ва ҳатто Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  ба дунё нишон додааст, ки аз арзишҳо ва меъёрҳои инсонӣ ҳаррӯз дуртар мешавад.