Октябр 03, 2016 17:56 Asia/Dushanbe
  • Аз саргирии содироти нафти Эрон ба Англия

Мудири умури байналмилалии Ширкати миллии нафти Эрон, гуфт, аввалин маҳмулаи як миллион бушкаии маҳсулоти нафтии Эрон таҳвили бритяш путрулиум Англис шуд

Саидмуҳсини қмсри- мудири умури байналмилалии Ширкати миллии нафти Эрон дар бораи аз саргирии фурӯши нафти хоми Эрон ба ширкатҳои англисӣ дар даврони пасотаҳрим, гуфт, токунун ду маҳмулаи нафти хом ва фаровардаҳои нафтӣ тавассути Ширкати миллии нафти Эрон ба ду ширкати англисӣ, фурӯхта шудааст.

Вай тасреҳ кард, музокирот барои имзои қарордодҳои баландмуддати фурӯши нафти хом бо ширкатҳои англисӣ ҳамчун Shell ва British Petroleum (BP) дар ҳоли анҷом аст.

Бар асоси ин гузориш, ширкати Shell соли 2016 аввалин маҳмулаи нафти хоми Эронро пас аз боргирӣ дар поёнаи Харк, дар Халиҷи Форс ба поёнаи нафтии Роттердами Нидерланд мунтақил ва тахлия кардааст.