Апрел 27, 2020 14:17 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Вазири умури хориҷаи Амрико вазири

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон якшанбешаб эълом кард: Дар даврони Вазорати хориҷаи Майк Помпео, ҷаҳон ноамнтар ва Амрико манфуртар ва ҳақиртар шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳисоби Твиттер навишт: Пас аз ду сол фаолият, Майк Помпео- вазири умури хориҷаи Амрико, ки ба номи вазири умури нафрат низ шинохта мешавад, ба маънои воқеии калима ҳеҷ дастоварде дар арсаи дипломасӣ надоштааст.

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки дар ин даврон, ҷаҳон ноамнтар ва Амрико манфуртар ва ҳақиртар шудааст афзуд: Дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳеҷ сулҳе ба даст наомада ва ҳеҷ суботе барқарор нагардид.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ахиран дар вокуниш ба изҳороти Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико дар бораи идома ёфтани фишори ҳаддиаксарии Вашингтон алайҳи Эрон тасреҳ кард: Инсон мутааҷҷиб мемонад, ки оё Пампео вазири умури хориҷа аст ё вазири нафрат?

Зариф дар Твиттер бо баёни ин ки ҳатто як бемории ҳамагир низ наметавонад монеъ аз дурӯғпарокании Майк Помпео  шавад навишт: Помпео ҳар чи қадар талош кунад, наметавонад терроризми иқтисодӣ, куштори бегуноҳон, халал расондан дар муборизаи ҷаҳонӣ алайҳи вируси корона ва ҷангталабии нангини худро пинҳон кунад.

Вазири умури хориҷаи Амрико дар ҳафтаҳои ахир дар ҳоле, ки созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои мухталиф бар лузуми ҳамкорӣ бо Эрон дар мубориза бо корона таъкид доранд, борҳо эълом кардааст, ки фишори ҳаддиаксарии Амрико алайҳи Эрон идома меёбад.

 

Барчасп