Апрел 29, 2020 12:03 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди баргузории интихоботи ёздаҳумин давраи маҷлиси Эрон

Раиси ситоди интихоботи Эрон аз таъйиди сиҳати баргузории интихоботи ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар тамоми 208 ҳавзаи интихобия хабар дод.

Ба нақл аз ИРНА, Ҷамол Урф, муовини сиёсии Вазорати кишвар ва раиси ситоди интихоботи Эрон гуфт ; Шурои нигаҳбони қонуни асосии Эрон натиҷаҳои интихоботи ёздаҳумин давраи Маҷлиси Шурои исломиро дар тамоми ҳавзаҳои 208 гона таъйид кард ва дар ин марҳала,279 нафар аз номзадҳо интихоб шуданд,ки мутаасифона ду тан аз онон ба далели мубтало шудан ба бемори даргузаштанд.

Муовини сиёсии вазири кишвари Эрон хотирнишон кард ; интихоби намояндагон дар 11 ҳавза ба марҳалаи дуввум кашида шудааст ,ки барои ин ҳавзаҳо низ 11 сентиябри  имсол марҳалаи дуввуми интихобот баргузор хоҳад шуд.

 Урф ҳамчунин ёдовар шуд ба манзури парҳез аз эҷоди ҳазинаҳои сангин, интихоби намояндагон дар ду ҳавзаи интихобия,ки мунтахабони онҳо фавтидаанд , ҳамзамон бо интихоботи раёсати ҷумҳури дар соли оянда (2021 ) баргузор хоҳад шуд.

Ёздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шурои исломии Эрон барои таъийни 290 намоянда дар 208 ҳавзаи интихобия 21 феврал дар саро сари Эрон баргузор шуд.